Дар бораи

Дар бораи платформаи Баробарҳуқуқӣ дар Осиёи Марказӣ

Платформаи Баробарҳуқуқӣ дар Осиёи Марказӣ ба фаъолон, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон, олимон ва дигар шахсони манфиатдор доираи фарохи ахбротро оид ба масъалаи табъиз дар Осиёи Марказӣ пешниҳод менамояд. Ба ҳам муттаҳидкунии нашри ахборот ва мақолаҳои мавҷуда аз сарчашмаҳои гуногун, барои ба хуби аз ҳолатьои маҳдуд намудани ҳуқуқҳо ва корбастҳои навтарин дар соҳаи мубориза бар зидди табъиз хабардоршавии фаъолони минтақаи додашуда ва берун аз он мусоидат менамояд. Дар тафсилоти бештар, платформа бунёд шудааст бо мақсади:

Беҳтар намудани маълумотдиҳӣ ба фаъолон дар минтақаи додашуда;

  • Беҳтар намудани маълумотдиҳӣ ба фаъолон дар минтақаи додашуда;
  • Маълумотдиҳии минбаъда дар бораи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи баробарҳуқуқӣ, роҳ надодан ба табъиз ва ҳуқуқи инсон; инчунин
  • Маълумотдиҳӣ ба фаъолони берун аз минтақа оид ба ҳодисаҳои табъиз, ҳаҷм ва намудҳои он.

Дараҷаҳои табъиз

Платформаи Баробарҳуқуқӣ дар Осиёи Марказӣ, ба ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқ дар асоси дин, мансубияти миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, инчунин дар бораи ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқ бинобар вазъи саломатӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷинс, тамоюли ҷинсӣ, ҳувияти ҷинсӣ ва хусусиятҳои дигар маълумот медиьад. Барои осон намудани ҷустуҷӯи истифдабаранда, дар платформа боби ахборот вобаста аз асосьои табъиз, мавҷуд аст. Рӯйхати пурраи таърифҳо дар саҳифаи хонагӣ ҷой дода шудааст.

Барои ошкор намудани ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқҳои инсон кӯмак намоед!

Баробарҳуқуқӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд дар мубориза бо табъиз ва пешбарии ғояҳои баробарҳуқуқӣ мусоидат намоянд, барои пешниҳод намудани дархост оид ба ҷойгир намудани мавод дар захираҳои платформа, даъват менамояд.

Дархостҳо ҳам барои маводи дорои ҳуқуқи муаллифӣ, инчунин барои маводи қаблан наштшуда, қабул карда мешаванд. Ҳамаи маводро модератор, ки барои рад кардани дилхоҳ дархост ҳуқуқ дорад, аз назар гузаронида, ба дархосткунанда бо баён намудани сабаби радкунӣ ҷавоб ирсол мекунад.

Дахосткунандагон метавонанд дар дилхоҳ кишвар сукунат дошта, дархост оид ба интишоротро ҳам бо забони русӣ ва ҳам бо забони англисӣ пешниҳод карда метавонанд. Ахборотро дар ин ҷо пешниҳод кардан мумкин.